Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон дар Агентии хизмати давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

    «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон дар Агентии хизмати давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

    2023-03-04
    339

                                                 

       Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши занон дар хизмати давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он фаъолзанони мамлакат, хизматчиёни давлатӣ, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, роҳбарият ва кормандони Агентӣ, занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва магистрантони хизматчии давлатӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур хабар доданд.

    Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба нақши занон дар ҷомеаи имрӯза изҳори назар карданд.

    Тазаккур дода шуд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ, чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарўза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.

    Дар ҷараёни ҳамоиш, дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос- занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» Гувоҳномаи хатми курс супорида шуд.

                    


          ДУШАНБЕ, 04.03.2023. /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/03/na-shi-zanon-dar-hizmati-davlat-ta-ti-in-unvon-dar-agentii-hizmati-davlat-amoish-barguzor-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ