Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд

    2025-11-19
    3

    19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд.

    Ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд.

    Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин аз 5 ошёна иборат буда, бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Машҳура Ҳайдарова бунёд шудааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 35 мутахассиси соҳа ба кор таъмин гардиданд.

    Ҳамзамон Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии Хушвахт низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хушбахт Бафоев сохта шудааст, ки бо се ошёна дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз мебошад. Дар иншооти мазкур 15 нафар бо кор таъмин гардиданд.

    Инчунин бинои навтаъсиси филиали Корхонаи воҳиди давлатии Саноатсодиротбонк дар шаҳри  Истарвшан аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиали мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

    Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст ба таври  фосилавӣ  ифтитоҳ  гардид.

    Иншооти сеошёна бо таҷҳизоти муосири соҳа таъмин буда, бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.

    Инчунин дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46  барои 540 хонанда дар ду баст  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

    Муассисаи навбунёд дорои шароити мусоиди таълиму тадрис буда, дорои 12 синфхонаи муҷаҳҳаз мебошад.

    Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассиса толори барҳавои варзишӣ сохта шудааст.

    Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.

    Иншоот дуошиёна буда, дорои 36 синфхона мебошад. Хонандагон имкон доранд, ки бо истифода аз кабинетҳои фаннии химия, биология, физика  ва география дониши худро сайқал диҳанд.

    Муассисаи зебову муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Чорбоғ дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд.

    Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол дар идомаи ҳамин иқдом амалӣ гардида, барои бо таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

    Бинои ин муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он шароити муосири таълим фароҳам оварда шудааст.

    Ҳоло дар муассиса зиёда аз 30 омӯзгор, ки 90 фисади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба кор ҷалб шудаанд.

    Иншооти нав дорои маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст аст.

    Инчунин,  дар ин рӯз 3 кӯдакистон ба фаъолият оғоз намуд.

    Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии  кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

    Се муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шудааст, ки  дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро ба таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.

    Бояд гуфт, ки танҳо имрӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаву томактабӣ ба истифода дода шуд, ки  барои  4 ҳазору 200 хонанда дар ду баст ва 400 кӯдак пешбинӣ шудаанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ