Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд

    2025-11-20
    3

    20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум ҳамзамон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт  бунёд карда мешавад.

    Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои болозикр то моҳи августи соли 2026 сохта ба истифода дода шаванд.

    Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.

    Иттилоъ дода шуд, ки бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

    Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.

    Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор — Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ