Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Барқияи шодбошӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг

    Барқияи шодбошӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг

    2023-03-06
    93

                                          

       Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

    «Ҷаноби Олӣ,

    Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик  менамоям.

    Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.

    Кишварҳои моро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ба ҳам мепайванданд.

    Мо ба дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Вйетнам диди нек дорем ва ҳамеша алоқаманди рушду таҳкими онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем. 

    Изҳори умед менамоям, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.

    Аз ҷониби худ мо омодаем, ки ҷиҳати истифодаи муассири имкониятҳои дар ин самт мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро андешем ва ба муколамаи созандаи байнидавлатии миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома бахшем».


       Манбаъ: Сомонаи расмии Президент/http://president.tj/node/30152

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ