Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

    2025-11-20
    8

    20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.

    Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои қаблии хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки дар солҳои 50–60-уми асри гузашта сохта шуда буд, аз сабаби фарсуда гардидани инфрасохтор дигар ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуд.

    Бинои нав дар минтақаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.

    Дар ошёнаи аввал мошинсарои бо имконияти ҷойгир намудани беш аз 20 нақлиёт бунёд шудааст. Бино 32 ҳуҷраи хизматӣ ва се синфхонаи омӯзишӣ низ дорад.

    Ҳамчунин, дар паҳлуи Маҷмаа бинои мошинсаройи техникӣ бо масоҳати 864 метри мураббаъ сохта шудааст.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки Маҷмааи нави хизматрасонии техникии парвозҳо бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтор ба меъёрҳо ва талаботи муосир ва инчунин баланд бардоштани сатҳи кори воҳидҳои сохторӣ бунёд гардидааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ