Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд.
Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Чин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони чинӣ пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.
Дар назар аст, ки дар доираи рӯзҳо вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир гардад. Инчунин меҳмонон мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳри Душанберо тамошо мекунанд. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Бохтар сафар намуда, ба сокинони он барномаи фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон



18