Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд

    2025-12-03
    14

    3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд.

    Муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода бо тарҳи муосиру зебо бунёд ёфтааст.

    Ин муассисаи томактабӣ аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, дар он раванди таълиму тарбияи кӯдакон ба таври босамар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

    Корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои биносозӣ бештар аз 70 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин шуданд.

    Дар бинои навбунёди кӯдакистони «Гулистон» 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ҳолати ба 400 кас расидани шумораи тарбиятгирандагон, 100 кас дар ин муассиса ба кори бо маоши хуб ҷалб карда мешаванд. Ҳоло 53 омӯзгор ва парастори соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.

    Дар назди ҳар як синфхонаи машғулият ҳуҷраҳои ҷудогона барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим намуданд.

    Ошхонаи муассиса ба бинои асосӣ пайваст буда, барои қабули яквақтаи зиёда аз 100 кӯдак пешбинӣ шудааст.

    Ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбори нигоҳдории хӯрокворӣ ва ҳуҷраи тиббӣ аз дигар имкониятҳои фароҳамгардидаи ин муассиса мебошанд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи томактабӣ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд.

    Ҳуҷраҳои машғулият бо шиору овезаҳои ифодагари меҳру муҳаббат ба Ватан, инчунин қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, ки мутобиқ ба дунёи рангини кӯдакон мебошанд.

    Ҳуҷраи махсуси намакин бошад, ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад. Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд. Ёдовар мешавем, ки чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

    Дар саҳни ҳавлӣ барои бозии кӯдакон таҷҳизоти муосир насб гардидааст, ки онҳо самаранок истифода мешаванд. Ҳамчунин, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои гуногуни кӯдакона сохта шудааст.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сохторӣ ва мавҷудияти таҷҳизот муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон ҳамаи синфхонаҳо бо аёният ва воситаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

    Омӯзгорону мураббиёни кӯдакистон ин иншооти муосирро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар чунин шароити мусоид насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар тарбия мекунанд.

    Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид.

    Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.

    Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ