Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд

    2025-12-09
    5

    9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода дар маркази шаҳр бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.

    Бинои зебои навбунёд аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

    Сохтмони бинои нав моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2025, дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

    Бинои мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Агентӣ бунёд шудааст.

    Иншооти нав туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.

    Зимни суҳбат бо масъулин ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти фаъолият, таъмини амнияти иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, назорати риояи қонуният, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.

    Таъкид гардид, ки кормандони агентӣ бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.

    Бояд қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.

    Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи ҷавони кормандони агентии мазкур калиди хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагии муҷаҳҳазро тақдим намуданд.

    Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Пешвои миллат амалӣ гардид, барои фаъолияти содиқонаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия созгор аст.

    Кормандон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагиашон, изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардум хизмат менамоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ