Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

    2025-12-11
    11

    11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

    Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.

    Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид.

    Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ таъкид гардид.

    Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ