Арзиши беҳамто ва бузургтарини тамоми модарони ҷаҳон дар он падид меояд, ки Худованди карим ба онҳо рисолати офариниши инсонро додааст. Танҳо Модар аст, ки ин қудратро дорад ва танҳо Модар аст, ки сарчашмаи зиндагӣ дар рӯи Замин мебошад. Бинобар ҳамин инсоният барои арзи вуҷуди худ ва ҳар дастоварде, ки дорад, пеш аз ҳама, бояд сипосгузори модарон бошад. Вобаста ба сиришти Модар аст, ки ӯ чӣ инсонеро, бо чӣ симо ва чӣ хулқу хӯ, бо чӣ фарҳанг ва чӣ маънавиёт ба ҷаҳон меорад. Имрӯз илм собит намудааст, ки тарбияи фарзанд ҳанӯз аз батни Модар оғоз меёбад. Меҳру муҳаббат, маърифат, ҳолат, тафаккур ва эҳсосоти Модар дар даврони ҳомиладорӣ, амалу ҳаракату шуғли ӯ таъсири худро ба сиришти тифл ва ояндаи ӯ мегузорад. Аз ин рӯ бисёр муҳим аст, ки Зан-Модар сиришти нек дошта бошад, зеро ояндаи ҷаҳон ва башарият ба ин чиз сахт вобастааст. Чунин ибрози назар намудааст дар ситоиши Модар ва рисолати офарандагии ӯ Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
-Дар сарзамини мо аз қадимулайём баландтарин арҷро ба Зан-Модар мегузоштанд ва ин маърифат ҳам дар суннатҳои халқии мо ва ҳам дар сарчашмаҳои илмиву фарҳангиву динӣ, дар осори бузургону нобиғагони миллати тоҷик зуҳури дурахшон ёфтааст. Аммо ин арҷгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакати мо дурахши бештаре пайдо кардаву иди хоссае бо номи Рӯзи Модар таъсис дода шуд, ки ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии озодии занон ҷашн гирифта мешавад. Эҳтироми хосса ва арҷгузории баланди Пешвои миллати мо, муносибати шахсиашон ба Зан – Модар ва духтарони мамлакат таъсири неки худро ба ҷомеа низ гузошт. Ва мо имрӯз шоҳиди онем, ин муносибати нек на фақат дар арҷгузорӣ ба занону модарон, балки дар бовар ба онҳо, дар ҷалби занон ба вазифаҳои масъули давлативу ҷамъиятӣ низ таҷассуми дурахшон ёфтааст.
Албатта, ҳама модарони ҷаҳон сазовори арҷу эҳтиром ҳастанд ва ҳар яке ба таври хоси худ дар тарбияи насли инсон саҳмгузор аст, аммо дар мавриди модари тоҷик, суннату ойини фарзандпарварию таълими баландаш ба таври хосса бояд сухан гуфт, зеро ин фарҳанг, яъне фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзанд дар таҷрибаи ӯ хуҷастагиҳои хос ва бешабеҳи худро дорад ва мактабест омӯзандаву ибратбахш.
Метавон гуфт, ки аз оғози даврони падид омадани тифл дар батн то ба замони таваллуд ва рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдаки ба дунёомада суннату маърифати волои миллӣ роҳнамои модари тоҷиканд. Ва дар ин маърифату ин суннат ҳама ҳадафҳои бузурге, ки як инсонро бояд солиму соҳибфитрат, некбину хайрхоҳ, хуллас инсони шоиста тарбият намоянд, падид омадааст. Суннатҳое, чун шустушӯи тифл, мӯйисаргирон, гаҳворабандон, ҷомапӯшон ва ғайраву ғайраҳо дар фарҳанги модари тоҷик ҳама ҳадафҳои баланди озодагиву тарбиявӣ доранд, ки нақши бегазанди худро дар сиришти тифл мегузоранд.
Ҷиҳати ҷолиби дигар ин аст, ки сиришти инсонии фарзанд, пеш аз ҳама, аз сиришти инсонии модар сарчашма мегирад. Гузаштагони мо дар мавриди тарбияи фарзанд ба чунин сифатҳое аз ҷониби занон, чун нексириштӣ, покӣ, маърифатнокӣ, хайрхоҳиву инсондӯстӣ аҳамияти хосса медоданд ва беҳуда нест, ки ин сифатҳо дар одоби миллии мо ҷойи хосса доранд ва таъсири неки худро дар ҷомеа гузоштаанд.
Арзиши дигареро, ки низ ба бузургӣ ва халлоқияти модари тоҷик ишора мекунаду хеле дурахшон дар тӯли таърих падид омадааст, дар маҳсули тарбияи ӯ метавон дид. Ин ҷо метавон иброз кард, ки модари тоҷик модари нобиғагону бузургони ҷаҳон аст. Агар саволе ба миён гузорем, ки таълим ва тарбияи нахустини ҳамаи он донишмандон, эҷодкорон, нобиғагони илму адаби миллати моро кӣ бар уҳда доштаасту фароҳам овардааст, дар посух, бешубҳа, метавон номи Зан- Модари тоҷикро боифтихор ба забон гирифт.
Аммо, бояд гуфт, ки Зан- Модари тоҷик на фақат тарбиятгари намунавии фарзандон аст. Саҳми бузурги модари тоҷикро дар тӯли асрҳои зиёд дар асолати миллии халқи мо, ташаккул ва ҳифзи он падидаҳое, ки бунёди миллати моро гузоштаанду бе онҳо як миллат наметавонист дар тӯли ин ҳама тақдири гарону пешомадҳои пурфоҷиа пойдор бимонад, наметавон инкор кард.
Яке аз падиҳои бузургу муқаддас- забони модарии мост, ки таҳкурсии аввалин ва асосии давлатдории миллӣ мебошад. Бале, ҳамон забоне, ки маҳз модар бо аллаҳои нахустин дар сари гаҳвора ва лафзи нобу ширинаш пайваста ба забони мо ниҳодааст. Бисёр забонҳои халқҳои башар натавонистанд ба муқовиматҳои шадиди таърих тоб оваранд ва аз байн рафтанд, аммо забони мо на ин ки пойдор монд, балки ҳамеша дар майдони илму адаби ҷаҳонӣ пирӯз буд, забоне, ки мо бо ифтихор модариаш меномем.
Падидаҳои дигаре, ки миллати моро на фақат зинда доштаанд, балки намунаи ибрати тамоми башарият гардонидаанд, ҳама он ойину суннатҳо ва маросими миллии халқи мо мебошанд, ки низ ба шарофати модари тоҷик дар мушкилтарин рӯзгор маҳфуз мондаву рушд кардаанд ва имрӯз ифтихори миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд. Ин суннату маросим хеле зиёданд ва аз сиришти эҷодкори Зан-Модари тоҷик паём медиҳанд.
Танҳо барҷастатарини онҳо Садаву Меҳргон ва Наврӯзи ҷаҳониро метавон ном бурд. Дар он рӯзгоре, ки душманон мехостанд суннатҳои моро аз байн бубаранд, ҳамин модарони мо буданд, ки суннатҳои ин маросимро дар хонаводаҳои худ, ниҳон аз чашми душман ин ҳама садсолаҳо маҳфуз доштанд.
Падидаи хуҷастаи дигар, ки низ ба рисолату сиришти модарони тоҷик вобастагии қавӣ дорад, ҳунарҳои мардумии мо мебошанд, ки низ ифтихори миллии моянд. Ин ҳунарҳо низ дар байни мардуми дунё маҳбубияти хосса пайдо кардаанд, зеро ҳама некманишона, инсондӯстона ва башарпарварона ҳастанд. Метавон даҳҳо номгӯйи онҳоро аз ресандагиву бофандагиву рағзабофию зардӯзиву гилембофӣ ном бурд. Илова бар ин Зан-Модари тоҷик кайвонаест, ки даҳҳо намуди ғизоҳои лазизу нотакрору бешабеҳ эҷод кардаву пешкаши аҳли башар намудааст. Даҳҳо намуди нонҳои зебои санъаткорона пухташуда ва намунаҳои зиёди хоссаи ғизоҳое, ки дар ҷаҳон шабеҳашон нест, маҳсули ҳунари модари соҳибфитрати тоҷик мебошанд.
Бале муҷассамаи хираду фазилат, некиву футувват, меҳру муҳаббати симо ва сиришти модари тоҷикро худи таърих, вақт ва замон бунёд ниҳодаанд. Яъне, ин муҷассама аз имтиҳони асрҳо гузаштаву пойдору қавӣ боқӣ мондааст. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷик низ аз имтиҳони гарони рӯзгору таърих дар тӯли асрҳо гузаштааст. Бузургии ӯ ҳақиқатест, ки дар саҳифаҳои таърих бо муҳри вақту замон тасдиқ гардида, ҳукми абадият гирифтааст.
Мо аз таърих медонем, ки зан-модари тоҷик шоҳу сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи сарзамини худ низ будааст. Шуҷоату корномаи Томирис-шоҳи ин сарзамини далерон, ки тавониста барои дифои давлати худ ва интиқоми шавҳару фарзанди шаҳидаш ба майдони набард алайҳи душмани тавоно бармада, ғолибият ба даст орад, далелест таърихӣ.
Далели ин ки духтарону занони шуҷои тоҷик дар замонҳои ҳассос алайҳи душман ҳангоми набудани мардон ватандӯстона ҷавшан ба тан ва силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгорон эмин доштаанд, дар саҳифаҳои таърих кам нестанд. Дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистони мо то имрӯз мавзеъҳое бо номи “Чилдухтарон” маҳфузанд, ки мардум ба онҳо чун бар мазори ин занони ватандӯст, ки барои ҳимояи диёри худ хеста, “ҳама сар ба сар тан ба куштан додаанд”, то “кишвар ба душман надиҳанд”, арҷгузории баланд зоҳир мекунанд.
Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷабрҳои таърих, он қадар тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда аст, бе иштирок, бе шарофату ҷоннисорӣ, ақлу заковати баланди Зан-Модари тоҷик наметавонист бошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте, ки дар таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳнамо буданд, яқин аст, ки пеш аз ҳама, ба саҳми модари тоҷик, ба хираду фазилати ӯ такя ва эътимод доштанд.
Арҷгузорӣ ба зан, яъне ба модар ва ба оила, яъне ба сарчашмаи бунёди ҷомеаи инсон ва инсоният дар мамлакати мо ҳамеша баланд буду ҳаст. Имрӯз, вақте Тоҷикистони азизи мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ шуд, ин арҷгузорӣ ба сурати боз ҳам дурахшонтару шукӯҳмандтар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат зуҳур кардааст.
Мо аз хусуси симои таърихии Зан-Модари тоҷик бо ифтихор сухан рондем. Биёед, нигоҳе ба зиндагӣ ва симои имрӯзаи ӯ бияфканем, ки на камтар аз пешин шоистаи офаринҳову арҷгузориҳост. Имрӯз низ Зан-Модари тоҷик сазовори он аст, ки дар пеши азамату ҷоннисориҳои модаронаи ӯ сари саҷда фуруд оварем, зеро зани тоҷик бештар аз як зан, бештар аз як модар аст. Боре, ки ӯ бар дӯши худ гирифтааст, хеле фузунтару фарогиртар аз рисолати ӯст. Ба ҷуз ин ки ӯ моро ба дунё овардааст, шабҳо нахобидаву ҳама гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намудаву моро парварида, ба роҳи бузурги зиндагӣ баровардааст, боз ӯ тамоми бори гарони рӯзгори хонаводаро бар дӯш дорад. Хусусан дар деҳот, дар кӯҳистон, ки Тоҷикистони мо саросар кӯҳистон аст. Дар куҷо дидаед, ки як зан соҳиби ин қадар касбу ҳунар бошад? Зан дар хонавода, зан дар коргоҳ, зан дар кӯҳу саҳро, зан дар гиру мони рӯзгор, зан дар ҷомеа, зан ҳамчун ҳамсар, зан ҳамчун модар ва ғайраву ғайраҳо. Аз мавридҳое намегӯем, ки зан дар хонавода ҳам зан будаасту ҳам мард.
Аз ин рӯ Зан-Модари тоҷик шоистаи он аст, ки фарзандҳо бо номаш ифтихор кунанд, Ватан ва миллат бар ӯ баландтарин арҷ гузоранд, шоиста аст, ки дар ҳама ҷабҳаҳо пешсафу пешбари ҷомеа бошад. Зеро ҷомеае, ки дар он Зан-Модар бо ин ҳама хайрхоҳиву сиришти неку башардӯстона, бо ин ҳама халлоқияту ҳунармандӣ ва маърифати воло раҳнамост, ҳаргиз роҳгум нахоҳад зад.
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/arzishi-beba-o-va-be-amtoi-insoniyat-bahshida-ba-r-zi-modar/