Ҳамасола дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор 8 март мо Рӯзи Модарро таҷлил менамоем. 7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар таъкид намуданд, ки «донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад».
Воқеан, дар зиндагӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки на танҳо дар тарбияи фарзандони худ, балки дар тарбия намудани шогирдони худ низ саҳми беназир гузоштаанд.
Яке аз ин гуна шахсият Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова мебошад. Ӯ тамоми фаъолияти меҳнатии хешро ба таълиму тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, духтарони деҳот аз ноҳияҳои дурдаст бахшидааст.
20 сентябри соли 1925 дар деҳаи Чашмаи Кизии ноҳияи Рашт (собиқ ноҳияи Ғарм) дар оилаи ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Ҳалимахон духтарчае ба дунё омад, ки номашро Хосият гузоштанд, ки маънои он бахту шодӣ мебошад.
Моҳи декабри соли 1933 Нусратулло Махсумро барои таҳсил ба Академияи хоҷагии халқ ба Москва мефиристанд ва аҳли оилаи Хосият Махсумова ба Москва мекӯчад. Хосият маълумоти ибтидоиро дар мактаби № 19 ба номи В.Г.Белинский гирифт.
Дар он солҳо Хосияти хурдсол хеле хушбахт буд, зеро дар парастории падару модари ғамхор қарор дошт.
Вохӯрии хонандаи москвагӣ аз Тоҷикистон бо Надежда Крупская, ки дар яке аз ҷашнҳои мактаб иштирок дошт, тақдирсоз гардид. Надежда Крупская диққаташро ба Хосияти хурдакак ҷалб намуд. «Чӣ хел духтарчаи сиёҳчашм!»,- ба ваҷд омада, Надежда Крупская сари ӯро сила кард. Дар оянда марҳилаҳои асосии фаъолияти меҳнатии Хосият Махсумова бо номи Крупская алоқаманд гардиданд.
12 июли соли 1937 дар оила рӯзи фоҷиавӣ буд. Нусратулло Махсумро бо туҳмат ба ҳабс гирифтанд. Аҳли оила ба душвориҳо ва ноадолатиҳои зиёд дучор шуд. Хосият аз он солҳои кӯтоҳе, ки дар паҳлӯи падари маҳбубаш гузаштанд, ҳамеша бо меҳру муҳаббати гарм ёдовар мешуд.
Хосият Махсумова ба душвориҳои он солҳо нигоҳ накарда, аввалин тоҷикдухтаре буд, ки мактабро бо баҳои аъло ва аввалин тоҷикдухтаре гардид, ки факултети физикаю математикаи Институти педагогӣ ба номи Шевченкоро (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи С. Айнӣ) хатм намуд. Падараш Нусратулло Махсум васият карда буд, ки «Хосият, нағз хон, муаллим шав ва барои ҷумҳурӣ мутахассис тайёр кун».
Баъд аз хатми Институти педагогии шаҳри Душанбе Хосият Махсумова фаъолияти меҳнатиашро соли 1947 ба ҳайси муаллими фанни математика дар мактаби миёнаи шаҳри Душанбе оғоз намуд ва минбаъд соли 1948 ба вазифаи мудири қисми таълимии мактаби мазкур таъйин гардид.
Соли 1962 дар Омӯзишгоҳи педагогии томактабии ба номи Н.К. Крупскаяи шаҳри Душанбе аввал ба сифати омӯзгор, мудири қисми таълимӣ ва аз соли 1964 то соли 1980 дар вазифаи Директори омӯзишгоҳи номбурда фаъолият намудааст. Бо ташаббуси ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогӣ шуъбаи мусиқӣ кушода шуд, ки барои мактабҳо ва муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ муаллимони суруд ва мусиқӣ тайёр карда мешуд.
Бояд гуфт, ки Хосият Махсумова аввалин зани тоҷик буд, ки бо Медали ба номи Н.К. Крупская, ки ба шахсони дар таълиму тарбияи насли наврас ба дастовардҳои бузург ноилшуда дода мешавад, сарфароз гардидааст.
Хосият Махсумова донори фахрии Иттифоқи Шӯравӣ буд. Дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳон барои фронт ва ҷанговарони маҷруҳи ба ҷумҳурӣ барои табобат оварда хун месупорид. Аз соли 1942 Хосияти ҳанӯз мактабхон то соли 1947 донори хун буд, ба монанди бисёр донорон аз подоши пулӣ даст мекашид ва ин маблағҳо ба фонди муҳофизатӣ ворид мегардид.
Солҳои охирини ҳаёти Xосият Махсумова пур аз воқеаҳои фараҳбахш буд. 27 июни соли 2006 дар ноҳияи Рашт Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимпайкараи Нусратулло Махсумро ифтитоҳ намуда, Фармони ба ӯ додани унвони олии давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро қироат намуданд.
Имрӯз Нусратулло Махсум баъд аз марг Қаҳрамони Тоҷикистон эълон шудааст ва номи ӯро ҳар як мактаббача медонад.
5 сентябри соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Ба Нусратулло Махсум унвони Олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар ин рӯз ин ҷоизаро Президенти ҷумҳурӣ ба Хосият Махсумова супориданд.
Соли 2014 Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ба номи Хосият Махсумова гузошта шуд. Зимни ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки Хосият Махсумова дар рушди илму маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст.
Аз ҷониби давлат ва ҳукумат Хосият Махсумова бо нишони фахрии «Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар унвону мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Хосият Махсумова 9 марти соли 2007 аз олам чашм пӯшид, вале аз худ шогирдону дастпарварони зиёде боқӣ гузошт.
Мояи ифтихор аст, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он шогирдони Хосият Махсумова дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар рушду нуму ва шукуфонии Ватани азизамон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Аз рӯи натиҷаҳои пурсиши афкори умум Хосият Махсумова ба шумораи 10 машҳуртарин ва шоистатарин омӯзгорони асри ХХ шомил гардидааст.
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/03/yake-az-shoistatarin-om-zgori-asri-hh-hosiyat-mahsumova-tamomi-faoliyati-me-natiashro-ba-talimu-tarbiyai-duhtaroni-no-iya-oi-durdast-bahshid/