«Меҳрубониҳои модари азизамро наметавонам, ки дар як суҳбати кӯтоҳ пурра баён созам. Ҳамаи онҳо дар дилам чун дар бойгонӣ қабат-қабат ҷо гирифта, маро ҳамеша зинда нигоҳ медоранд. Фақат ин қадар мегӯям, ки агар меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дуоҳои нек ва дилбардориҳои модари арҷмандам чун нурҳои нарми хуршед доиман бар сарам намерехтанд, асари «Тоҷикон»-ро рӯи нашр оварданам басе душвор буд. Ӯ ҳамеша аз тақдири китоби «Тоҷикон» мепурсид ва гоҳи хайрухуш дуоям медод…»,-ин гуна ситоиш намудааст модараш — Розия Озодро муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров.
Чун дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар қарор дорем, тасмим гирифтем аз рӯзгори модари бузург қисса кунем, ки фарзандаш бо навиштани китоби «Тоҷикон» миллати тоҷик ва таъриху тамаддуни бойи онро ба оламиён муаррифӣ намуд. Шоир Розия Озод — модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Дар ташаккули шахсияти аллома Бобоҷон Ғафуров модари маърифатпарвараш Розия Озод нақши барҷаста гузоштааст. Модараш бо тахаллуси Розия Озод шеър менавишт ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам буд. Ин модари бузург бо хислатҳои неку ҳамидааш дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандонаш саҳми бориз гузоштааст.
Розия Озод дар солҳои вазнини асри 20 дар баробари тарбияи фарзандон қалам ба даст гирифта, рӯйдодҳои замонашро ба риштаи назм кашидааст. Ӯ 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббати беандозаи Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии мушкил ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд.
Розияи ҷавон дар муддати кӯтоҳ бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланди худ аз дугонаҳояш пеш гузашта, бо рағбат ва муҳаббат ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, хусусан ба хондани осори бою пурғановати шоирони адабиёти классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Аттор, Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдию Ҳофиз, Бедил, Мавлонои Балхӣ пардохта, дар пайравии шоирони адабиёти классикии тоҷик шеърҳои аввалини худро менависад.
Дар оғози садаи XX Розия Озод бо Мирғафур Сангинов оила барпо намуда, дар ҳамин оила Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандон- Тоҷиниссо, Зебуниссо, Ҳомидҷону Олимҷон ба дунё меоянд. Розия Озод, ки зани равшанзамир буд, тавонист фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатдӯстӣ парварда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ, хусусан инсондӯстию накӯкорӣ ҳидоят намояд. Розия Озод фарзандонашро дар оила бо шеърҳои пандомезаш тарбия карда, ба камол расонид ва ба роҳи дуруст ҳидоят намуд,- меафзояд муаррихи тоҷик. Ба фарзандонаш пайваста талқин мекард, ки «нонро бо меҳнати ҳалол пайдо намоянд ва аз илму дониш дур набошанд» ва онҳоро доимо ба омӯхтани илму дониш, накукорию хайрхоҳӣ ҳидоят мекард.
Шоир Розия Озод шоҳиди вазниниҳои сахти давраҳои тоинқилобӣ буда, мехост, ки фарзандонаш соҳиби илму дониш гарданд, ба халқу ватанашон хизмат кунанд, аз ин рӯ мунтазам ба тарбияи фарзандон кӯшида, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия мекард.
Таваллуд ва ба камол расидани алломаи замон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар хонаводаи Розия Озод бозгӯи тарбияи дуруст ва ҳидояти хуби модар буда, Бобоҷон Ғафуров маҳз дар партави тарбияи модар соҳибэҳтиром ва шуҳратёр гардидааст. Зеро Бобоҷон Ғафуров ҳангоме, ки дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбӣ фаъолият мекард, модар ҳамеша дар паҳлуяш буд, дасти дуо кушода, ба ӯ дуои нек медод, насиҳатҳо мекард ва дар маҷмӯъ таъсири худро барои шахсияти бузург шудани фарзандаш мегузошт.
Тарбияи модар барои минбаъд мақоми баланд ёфтани Бобоҷон Ғафуров дар ҷомеа хеле арзишманд буда, яке аз сарчашмаҳои шӯҳратёбии Бобоҷон Ғафуров модараш мебошад. Розия Озод модари серфарзанд буд. Падари Бобоҷон Ғафуров- Мирғафур Сангинов барвақт, ҳанӯз соли 1935 аз олам мегузарад ва тамоми бори гарони зиндагӣ, хусусан тарбияи фарзандон ба дӯши Розия Озод меафтад. Маҳз бо шарофати ғамхорию меҳрубонии модар на танҳо Бобоҷон, балки тамоми фарзандон ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят шуда, ба камол расида, дар ҷомеа бо меҳнатдӯстиашон номбардори модар-ватан гардиданд. Навиштаҳои фарзандон, инчунин дигар адабиётшиносону муаррихон далели ин гуфтаҳост, ки Розия Озод воқеан зани барнодил, хоксор, қавиирода, донишманд, маърифатпарвар ва дорои фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ будааст.
Шоир дар шеърҳояш Ватан — Модарро тараннум ва нисбат ба душманон нафрат баён мекард. Ӯ бо ашъори ватандӯстонааш корнамоиҳои ҷанговарон ва фиристодагони Тоҷикистонро дар ҷанг ва ақибгоҳ, ки таҳти шиори «Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба» меҳнат мекарданд, ситоиш намудааст. Шеърҳои Розия Озод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеан пуртаъсир буданд. Худи шоир аввалин зане буд миёни бонувони тоҷик, ки дар давраи мудҳиши ҷанг қалам ба даст гирифта, шеър менавишт ва дар шеърнависӣ машҳур гардида буд. Розия Озод дар солҳои ҷанг қалам ба даст гирифта, муҳаббату садоқати худро нисбат ба хоки муқаддаси Ватан тавассути назм баён намуд. Чун дигар диловарони матинирода дар даврони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни Ватан ӯ шеър ва достонҳои ҷолиб офаридааст, ки дар нахустмаҷмӯаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан» гирд омадаанд. Сипас бо хомаи ин бонуи қаламкаш, шоири соҳиби табъи равон китобҳои «Гулистони ишқ», «Аз водии тилоӣ», «Иқбол», «Зинда бод сулҳ!», «Шеърҳои мунтахаб», «Дӯстони ман», «Мунтахабот», «Орзуи ман» ва «Хотира» пайи ҳам ба нашр мерасанд. Бархе китобҳояш, чун «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» ба забони русӣ ба табъ расидаанд.
Шеъри «Хайр, модарҷон» маҳсули эҷоди шоир Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба диловарии ҷанговарони тоҷик дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба Ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст.
Ҳаёт ва зиндагиномаи Розия Озод барои занону модарони қарни XХI тоҷик намунаи барҷастаи ибрат ва барои миллатамон мояи ифтихору сарфарозист, зеро шоира дар шеъри «Хайр, модарҷон!» барҳақ гуфтааст: «То бигӯӣ, ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон».
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Истиқлол» бо истифода аз ашёи фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он 25 мусаввараи нодири рассомон, аз ҷумла офаридаи Ю.Казмичёв «Симои Розия Озод» (соли 1945) ба намоиш гузошта шуд.
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/a-ramoni-to-ikiston-bobo-on-afurov-modari-ar-mandam-amesha-az-ta-diri-kitobi-to-ikon-mepursid/