Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд

    2025-12-25
    13

    25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо бинои нав дар ҳамин ҷо ба маъюбону ниёзмандон, кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хизматчиён ва дигар сохторҳои гуногуни давлатӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.

    Дар хонаҳои истиқоматии барҳаво, ки мутобиқ ба талаботи муосир сохта шудаанд, тамоми ҷиҳоз ва ашёи зарурӣ барои зист фароҳам оварда шудааст.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ин соҳибкорро намунаи олии ватандӯстӣ  ва шоистаи таҳсин дар кишвар маънидод карданд. Зимнан онҳое, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти худро ба ин ғамхориву ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар баён намуданд.

    Ин бино дар давоми зиёда аз ду сол бо ҷалби 40 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

    Ошёнаҳои 1 ва 2 барои маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шуда, дар онҳо 20 кас соҳиби кор мешаванд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ