Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

    Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

    2023-03-10
    110

                                     

       Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

    «Муҳтарам ҷаноби Раис,

    Сарфарозам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям.

    Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.

    Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин - ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад.

    Мо аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

    Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишвари Шумо мебошад ва идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатии ду кишварро омили калидии пешбурди муваффақонаи ин раванд медонад.

    Бовар дорам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯби мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода робитаҳои ҳамкории ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

    Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзу менамоям».


       Манбаъ: Сомонаи расмии Президент/http://president.tj/node/30163

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ