ФИЛМИ «ЧЕБУРАШКА 2» БА РӮЙХАТИ 40 ФИЛМИ СЕРДАРОМАДИ РУСИЯ ДОХЛ ШУД
Филми «Чебурашка 2» дар рӯзи дуюми намоиш дар кинотеатрҳои Русия ба даромади беш аз 1,5 миллиард рубл даст ёфт. Тибқи маълумоти расонаҳо ин филм аллакай ба рӯйхати 40 филми русии сердаромад ворид шудааст. То ин дам маблағи умумии даромади филм зиёда аз 2,3 миллиард рублро ташкил медиҳад.
Дар қисмати дуюм, Чебурашка бузургтар мешавад ва на ҳамеша ба суханҳои Генна, ки нақши онро Сергей Гармаш иҷро кардааст, гӯш медиҳад.
Коргардони филм Дмитрий Дяченко мебошад. Ин навбат низ ба Чебурашка ҳунарпеша Олга Кузмина садо додааст. Ҳамчунин, дар нақшҳои дигар Елена Яковлева, Полина Максимова, Ева Смирнова ва дигарон иштирок мекунанд.

35