ФИЛМИ «АВАТАР 3: ОТАШ ВА ХОКИСТАР» ДАР ФУРӮШИ ҶАҲОНӢ БА ДАРОМАДИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ДАСТ ЁФТ
Филми «Аватар 3: Оташ ва хокистар» расман дар фурӯши ҷаҳонӣ ба даромади беш аз як миллиард доллар даст ёфт.
Коргардон Ҷеймс Кэмерон аввалин шахс дар таърих гардид, ки чор филми пайдарпайаш чунин натиҷаро ба даст овардаанд. Ин филмҳо «Титаник», «Аватар», «Аватар: Роҳи об» ва «Оташ ва хокистар» мебошанд.
Ин офарида дар ИМА 305,9 миллион доллар, дар кишварҳои дигар зиёда аз 777 миллион доллар даромад овардааст.
Намоиши қисми чоруми «Аватар» барои соли 2029 ва қисми панҷум барои соли 2031 ба нақша гирифта шудааст.



11