Дар шаҳри Лос-Анҷелес маросими 31-уми ҷоизасупории ҷашнвораи «Мунаққидони синамо» баргузор гардид. Филми ҳунарии «Ҷанг барои ҷанг» дар фестивали мазкур аз руи номинатсияи «Беҳтарин филм» сазовори ҷоиза гардид. Лоиҳаи мазкур ҳамчунин ҷоизаҳои беҳтарин коргардон ва беҳтарин филмномаи мутобиқшударо соҳиб шуд. Дар байни силсилафилмҳо бештар аз ҳама «Бемористони Питт», «Киностудия» ва «Гузариши синусолӣ» соҳиби ҷоиза гаштанд.
Ҷоизаи коргардони беҳтарин ба Пол Томас Андерсон барои филми «Ҷанг барои ҷанг» дода шуд. Ҳунарманди ҷавон Тимоти Шаламе барои нақшофарӣ дар филми «Мартии Бузург» ҳунарманди сол эътироф гардид.
Ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаро Ҷесси Бакли соҳиб шуд. Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин нақши дуюмдарҷаи мардона» Ҷейкоб Элорди барои филми «Франкенштейн» ва «Беҳтарин нақши дуюмдараҷаи занона» Эми Мэдиган ҷоиза ба даст оварданд. Дар номинатсияҳои «Филмномаи беҳтарин» лоиҳаи «Гунаҳгорон» ва филмномаи мутобиқшудаи беҳтарин филми «Ҷанг барои ҷанг» ғолиб шуданд.
Аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин гурӯҳи ҳунарӣ» филми «Гунаҳгорон», «Беҳтарин ҳунарпешаи ҷавон» Майлз Кэйтон, «Филми хориҷии беҳтарин» «Ҷосуси махфӣ», «Беҳтарин филми аниматсионӣ» «Кей-поп шикорчиёни девҳо», «Беҳтарин лоиҳаи мазҳакавӣ» «Таппончаи урён», «Беҳтарин силсилафилми драмавӣ» «Бемористони Питт», «Беҳтарин силсилафилми мазҳакавӣ» «Киностудия», «Беҳтарин силсилафилми хурд» «Гузариши синусолӣ» ва «Беҳтарин силсилафилми хориҷӣ» «Бозӣ дар калмар» сазовори ҷоизаи мунаққидони синамо гаштанд.



13