Ҳунарманди маъруф, номзад ба ҷоизаи «Оскар» Себастиан Стэн дар мусоҳибаҳо оид ба иштирок дар қисми дуюми филми «Бэтмен» дар истеҳсоли ширкатҳои «Warner Bros» ва «DC Studios» хабар дод. Дар бораи нақши ӯ то ҳол маълумоти мушаххас дода нашудааст.
Роберт Паттинсон боз нақши Бэтменро иҷро мекунад. Қаблан ҳунарпеша Скарлетт Йоханссон ба лоиҳа ҳамроҳ шуда буд.
Намоиши филми «Бэтмен 2» барои 1-уми октябри соли 2027 банақша гирифта шудааст. Наворбардорӣ баҳори соли 2026 оғоз меёбад.



43