Студияи «Марвел» ролики сеюми таблиғотии филми «Интиқомҷӯён: Рӯзи растохез»-ро нашр кард. Дар навори нав қаҳрамонҳои филми «Мардони Х» аз ҷумла ҳунармандон Патрик Стюарт, Иэн Маккелен ва Ҷеймс Марсден дида мешаванд.
Қаблан наворҳои таблиғотии дигар бо нақшофарии Крис Эванс ва Крис Хемсворт нашр шуда буданд.
«Рӯзи растохез» филми панҷуми силсилаи «Интиқомҷӯён» хоҳад буд ва дар бораи муборизаи дастаи абармардон бо Доктор Дум қисса мекунад. Нақши Доктор Думро Роберт Даунии хурдӣ иҷро мекунад.
Нахустнамоиши филм 18 декабри соли 2026 баргузор мегардад.



19