Ҳунарпеша Софи Тернер дар силсилафилми наве бо номи «Ғоратгарӣ» яке аз нақшҳои марказиро иҷро мекунад. Филми мазкур аз тарафи коргардон Сэм Миллер таҳия гардидааст. Офаридаи мазкур жанрҳои саргузаштӣ ва ҷиноиро дарбар мегирад. Ҳамчунин дар лоиҳа Ҷейкоб Форчун – Ллойд, Арчи Мадекве ва Эндрю Ховард нақш мебозанд. Тафсилоти сужаи филм то ҳол муайян нест. Тибқи маълумотҳо мавсими аввали филм дар ҳаҷми 6 қисм пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.
Нахустнамоиши лоиҳа 21 январи соли равон дар кинотолорҳои ҷаҳонӣ баргузор хоҳад шуд.



16