Ҳунарпеша Тиган Крофт дар филми нави «Рапунсел» нақши асосиро иҷро мекунад. Филми мазкур аз рӯи лоиҳаи аниматсионии истеҳсоли ширкати «Дисней» рӯи навор оварда мешавад. Ҳамбози ҳунарпеша дар филм Майло Манхейм хоҳад буд, ки нақши роҳзани шуҳратёр Флинн Райдерро мебозад.
Коргардони филм Майкл Грэйси мебошад, ки қаблан лоиҳаи «Намоишгари бузург»-ро рӯи навор овардааст. Мутобиқи маълумотҳо филми мазкур дар жанри мусиқавӣ таҳия хоҳад шуд ва қаҳрамонони асосӣ дар баробари нақшофарӣ ҳамзамон суруд мехонанд.
Санаи дақиқи баромади филм ҳоло эълон нашудааст.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте нашр гардид, ки ҳунарпеша Кэтрин Хан барои иҷрои нақш дар шакл бадеии навсозишудаи лоиҳаи «Рапунсел» дар ҳоли музокирот қарор дорад.
Ба Хан нақши модар Готел, қаҳрамони манфии филм пешниҳод шудааст. Қаблан ин нақш ба Скарлетт Йоханссон дода шуда буд, аммо ӯ бинобар машғулиятҳои зиёд аз лоиҳа даст кашид.
Лоиҳаи аслии аслии “Дисней” — «Рапунсел: Афсонаи печида» соли 2010 ба намоиш баромада 592 миллион доллар даромад овард.



5