7 март дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор/фиристодагони махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва гуманитарии вазъи кунунӣ дар Афғонистон, хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз ҳудуди ин кишвар бармеоянд, инчунин роҳу усулҳои муқовимат ба чолишҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ низ роҷеъ ба фаъолияти хеш дар Афғонистон дар самти рафъи оқибатҳои буҳрони гуманитарӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот манзур карданд.
Дар поёни ҷаласа изҳороти муштарак қабул карда шуд.
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/03/ajati-to-ikiston-dar-alasai-yakumi-gur-i-korii-mushtarak-oid-ba-af-oniston-dar-doirai-mukolamai-osiyoi-markaz-induston-ishtirok-namud/