ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидзода Гулбону Исуф аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
2. Мирзозода Муҳаммад аз вазифаи раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
3. Ғарибшозода Раҳимшо Қиматшо аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
4. Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин карда шавад.
5. Назарзода Аҳлиддин Саид аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъин карда шавад.
6. Наимзода Фарҳод Абдулғафор аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.
7. Ҳамдамзода Алиҷон Валихон аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.
8. Салимзода Муҳаммад Давлатбек аз вазифаи раиси суди ноҳияи Сангвор озод гардида, раиси суди ноҳияи Рашт таъин карда шавад.
9. Искандарзода Бахтиёр Мустафо аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.
10. Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
11. Хоҷазода Фаррух Ҳабиб бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
12. Нурализода Суҳроб Мустафо аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.
13. Назирзода Нодир Ғайрат аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
14. Садирзода Рустам Суҳроб аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шавад.
15. Раҷабзода Муродҷон аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
16. Сафозода Амриддин Гул аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
17. Хайруллозода Сӯҳроб Хайрулло аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.
18. Аёмзода Одинашоҳ Давлат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.
19. Саидназарзода Содиқ Саидназар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
20. Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ судяи суди иқтисодии вилояти Суғд,
Қурбонализода Суҳроб Қурбоналӣ судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Маҳмадҷони Ҳасанзод судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Ҷалилзода Саидасрор Бобохон судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон,
Ҳабибзода Саидбасир Сайдраҳмон судяи суди ноҳияи Ҷаллолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин карда шаванд.
21. Раҳмонзода Икром Раҳмонқул аз вазифаи судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон,
Нурализода Одил Бобохуҷа аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Сафарзода Маҳинабону Файзулло аз вазифаи раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
22. Акрамзода Ҳамза бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.
23. Шарифзода Саидхоҷа Шарифхоҷа бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Роғун озод карда шавад.
24. Бобозода Аҳмад Бегалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 январи соли 2026
№1128



8