Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

    Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

    2023-03-11
    107

                                 

       Имрӯз, 11 март дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик намоиши китобҳои тозанашр ва ҳамоиш доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

    Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд.

    Бояд гуфт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 рӯзи 11 март қайд карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.

    Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

    Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.


       ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/imr-z-dar-kitobhonai-mill-111-solagii-r-zi-matbuoti-to-ik-ta-lil-meshavad/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ