Студияи «Нетфликс» тасдиқ кард, ки силилаи тахайюлии «Оинаи сиёҳ» бо мавсими ҳаштуми худ ба экрани синамо бармегардад.
Дар бораи ин бозгашт коргардон ва филмноманависи лоиҳа Чарли Брукер низ хабар додааст.
Хабари таҳияи идомаи филм баъд аз муваффақияти мавсими ҳафтум нашр шуд, ки моҳи апрели соли 2025 ба намоиш баромад ва болоравии рейтингҳои ҷаҳонии «Нетфликс»-ро таъмин кард. Он ҳамчунин дар се номинатсия аз ҷумла дар бахши «Беҳтарин силсилафилми хурд» ба гирифтани ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» пешбарӣ гардидааст.
Санаи дақиқи нашр, шумора ва мазӯи қисматҳои фасли нав ҳанӯз эълон нашудааст.



8