Ситораи филми “Аватар” Зои Салдана расман ҳамчун сердаромадтарин ҳунарпеша дар таърихи синамо шинохта шуд. Қаблан дар ин мавқеъ ҳунарпешаи Скарлетт Йоханссон қарор дошт. Акнун Йоханссон дар панҷогонаи сердаромадтарин ҳунармандони ҷаҳон дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ҳамзамон дар ин панҷгона Сэмюэл Ҷексон, Роберт Дауни хурдӣ ва Крис Пратт дохил мешаванд.
Тибқи маълумотҳо Салдана бо иштирок дар филми сеюми “Аватар” тавонист ба ин мавқеъ бирасад. Ин лоиҳаи тахайюлӣ аз ҷониби коргардон Ҷеймс Кэмерон дар фурӯши ҷаҳонӣ 1,23 миллиард доллар даромад овард.
Дар маҷмӯъ филмҳо бо нақшофарии Зои Салдана зиёда аз 15,4 миллиард доллар даромад овардаанд.
Ҳунарпеша соли гузашта барои нақши худ дар лоиҳаи мусиқавии «Эмилия Перес» ҷоизаи «Оскар»-ро соҳиб шуд.



17