Хадамоти намоишии «Дисней+» ролики навбатии силсилафилми «Марди аҷиб»-ро нашр кард. Нахустнамоиши филм 27 январ баргузор мешавад.
Дар маркази ҳодисаҳо ҳунарпеша Саймон Уилямс меистад, ки орзуи дар Ҳолливуд маъруф шуданро дорад. Қаҳрамон рӯзе ба нурҳои ионӣ дучор мешавад ва қобилиятҳои фавқулодда ба даст меорад.
Дар лоиҳа ҳамчунин Бен Кингсли, Эд Харрис, Ҷош Гад ва дигарон нақш офаридаанд. Дестин Дэниэл Креттон яке аз муаллифони силсилафилм мебошад.
Мавсими аввал дар ҳаҷми 8 қисм пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.



12