Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода дар ҷаласаи Комиссияи назорат ва буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Қасри Таврияи шаҳри Санкт Петербурги Русия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доштанд.
Иштирокчиён масъалаҳои таъмини молиявии фаъолияти ташкилотро баррасӣ карданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба маблағгузории ҷории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ҷавонон, ташаккул ва татбиқи буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа намояндаи комилҳукуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/03/ajati-parlumonii-to-ikiston-dar-alasai-komissiyai-nazorat-va-bu-eti-assambleyai-bajniparlumonii-idm-ishtirok-namud/