Хадамоти намоишии «Амазон» ролики расмии нави филми «Ҷиноят 101»-ро нашр кард. Филм 13-уми феврал дар кинотолорҳои хориҷӣ ба намоиш мебарояд.
Сужаи филм дар бораи як қатор ғоратгариҳо нақл мекунад, ки дар тамоми соҳили уқёнуси Ором рӯй медиҳанд. Пулис ба хулоса меояд, ки ин ҷиноятҳо бо картелҳои Колумбия иртибот доранд. Аммо муфаттиш Лу Любесник мутмаин аст, ки ин ҳама кори як нафар мебошад.
Дар филм Крис Хемсворт, Холли Берри, Марк Руффало, Барри Кеоган ва дигар ҳунармандон нақш бозидаанд. Коргардони филм Барт Лэйтон, муаллифи филми лоиҳаи «Ҳайвоноти амрикоӣ» мебошад.



10