Ситораи силсилафилми «Гузариши синннусолӣ» Стивен Грэм дар бораи вазъи мавсими дуюми силсила маълумот дод. Ин ҳунарпеша дар баробари нақшофарӣ ҳамзамон ҳаммуаллифи лоиҳа маҳсуб меёбад.
«Ман наметавонам ба ин савол ҷавоб диҳам, чунки он ҳоло дар умқи зеҳни ман ва филноманавис Ҷек Торн қарор дорад. Мо ба он пас аз се ё чаҳор сол бармегардем, пас хабарҳоро пайгирӣ кунед», — гуфт Грэм дар мусоҳиба бо расонаи «Дедлайн»
Мавсими аввали «Гузариши синусолӣ» баҳори соли 2025 пешниҳоди бинандагон гардид. Сужа дар бораи наврасе бо нақшофарии Оуэн Купер қисса мекунад, ки ба қатли ҳамсабақаш гумонбар мешавад. Силсилафилми мазкур яке аз лоиҳаҳои маъруфи «Нетфликс» ба ҳисоб меравад, ки чандин ҷоизаҳои «Эмми» ва «Глобуси тиллоӣ»-ро дар соли равон ба даст овардааст.



11