Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд

    2026-01-16
    8

    16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

    Ба вазифаи муовини якуми сардори Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд.

    Ҳамчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин карда шуданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва суҳбат ҳолати омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои низомӣ ва сохторҳои дигари номбурдаро дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди ҳар яке аз ин ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзу таъмини сулҳу оромӣ вазифаҳои муайян гузоштанд.

    Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир, таҳкими омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, забономӯзӣ, аз худ кардан ва истифодаи лавозимоту техникаи муосири ҷангӣ, гузаронидани машқу тамринҳои пайваста то истифода аз имконоти таҷҳизоти  идорашавандаи фосилавӣ ва риояи  қонунияту оинномаҳои соҳавӣ  зоҳир карда шуд.

    Таъкид гардид, ки муносибат бо сарбозону кормандон бояд мисли муомила миёни аъзои оила бошад, то ки эҳсоси дӯстиву бародарию ҳамдигарфаҳмӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ устувор гардад.

    Дастуру тавсияҳои дигар доир ба иҷрои босифати масъулиятҳо дар ҳар яке аз сохторҳои номбурда дода шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ