Ҳунарпеша Эмилия Кларк фаъолияти ҳунарии худро дар филмҳои тахайюлӣ ҷамъбаст кард. Ин ҳунарпеша пас аз ҳашт соли наворбардории силсилаи маъруфи «Бозии тахтҳо» ба чунин хулоса омадааст. Кларк дар ин лоиҳа нақши Дейенерис Таргариенро иҷро кардааст.
Қаҳрамони ӯ дар мавсими ниҳоии «Бозии тахтҳо» ба маркази рӯйдодҳои пуртаниш афтод ва дар охир ба қаҳрамони асосии манфӣ дар қисматҳои ниҳоӣ табдил ёфт. Кушта шудани Дейенерис нуқтаи авҷи анҷоми силсила гардид.
Баъди намоиши филм аксари тамошобинон аз он норизоӣ карданд, ки ин тағйирёбии қаҳрамон хеле зуд ва якбора нишон дода шуд. Худи Кларк низ гуфта буд, ки силсилафилм дар қисматҳои охир бештар ба саҳнаҳои бузург ва тамошобоб диққат дод, на ба гуфтугӯҳо ва рушди амиқи қаҳрамонҳо.



4