Хадамоти намоишии «Амазон» номи ҳунарпешае, ки дар мутобиқсозии дарпешистодаи силсилаи бозиҳои «Офаридгори ҷанг» образи Кратосро дар экран таҷассум мекунад, эълон намуд. Ин нақшро Райан Херст иҷро хоҳад кард.
Ҷолиб он аст, ки барои Райан ин аллакай дуюмин нақш дар олами «Офаридгори ҷанг” мебошад.
Силсилаи мазкур аз рӯи хати сужаи бозиҳои соли 2018 пеш меравад. Дар он Кратос ва Атрей ба сафар мебароянд. Айни ҳол омодагӣ ба наворбардории ду мавсими лоиҳа идома дорад. Ду қисмати аввалро Фредерик Тойе, ки бо лоиҳаи «Писарон» маъруф аст, ба навор мегирад. Ҳамзамон интихоби дигар ҳунарпешаҳо барои нақшҳои марказӣ идома дорад.



3