Кейт Бланшетт ба ҳайати ҳунармандони идомаи филми тахайюлии «Аждаҳои ромшуда» ҳамроҳ шуд. Ҳунарпеша дар филм нақши Валка модари қаҳрамони асосӣ Иккингро иҷро мекунад.Нақши асосиро ҳунарманди ҷавонМейсон Темз офаридааст. Кейт Бланшетт қаблан ба нақши Валка дар филмҳои тасвирии «Аждаҳои ромшуда», ки аз ҷониби ширкати «DreamWorks» солҳои 2014 ва 2019 таҳия шудаанд, овоз додааст.
Санаи намоиши филми нав ҳанӯз маълум нест. Лоиҳаи бадеии «Аждаҳои ромшуда» тобистони соли 2025 ба экран баромад ва дар саросари ҷаҳон 636 миллион доллар даромад овард. Кейт Бланшетт ба наздикӣ дар лоиҳаи ҷосусии «Халтаи сиёҳ»-иСтивен Содерберг нақш офаридааст.



16