Ширкати намоиши филмҳои «A-One Films» санаи намоиши филми «Бегона»-и Франсуа Озонро дар Русия эълон кард. Драмаи мазкур, ки дар формати сиёҳу сафед таҳия шудааст, рӯзи 5 март ба экранҳои синамо мебарояд.
Ин лоиҳа дар озмуни асосии Ҷашнвораи синамои Венетсия дар соли 2025 иштирок карда буд. Филми «Бегона» дар асоси романи нахустини ҳамноми Албер Камю рӯи навор оварда шудааст.
Достони филм атрофи як ҷавони фаронсавии 30-сола бо номи Мерсочарх мезанад, ки барои дафни модараш ба Алҷазоир меравад. Дар он ҷо қаҳрамон ба як моҷарои ҷиноятӣ кашида мешавад, ки оқибаташ фоҷиабор мегардад.
Дар филми мазкур Бенжамен Вуазен,Ребекка Мардер, Сванн Арло,Дени Лаван ва дигарон нақш бозидаанд. Лоиҳаи мазкурро мунаққидон баҳои додаанд.



15