Эҳтимол аст, ки Крис Мессина ба ҳайати ҳунарпешагони мавсими чоруми силсилафилми «Нилуфари сафед» ҳамроҳ мешавад. Дар бораи интихоби эҳтимолии ӯ нашрияи «Дедлайн» хабар медиҳад.
Масъулини шабакаи «HBO» то ҳол ин маълумотро тасдиқ накардааст. Қаблан ба лоиҳа Александр Людвиг ва Эйҷей Мичалка ворид шуданд. Рӯйдодҳои мавсими нав дар истироҳатгоҳи фаронсавии Сен-Тропе сурат мегиранд.
Ҷузъиёти нақши Мессина ҳанӯз маълум нест. Ӯ бори охир бо иштирок дар лоиҳаи драмавии коргардон Клинт Иствуд дар экранҳо зоҳир шуда буд.



10