Дар интернет аввалин наворҳои таблиғотии силсилафилми нав дар бораи Лара Крофт нашр шуд. Дар навори мазкур ҳунарпеша Софи Тёрнер дар симои Лара Крофт зоҳир шудааст. Гуфта мешавад, ки наворбардории лоиҳа моҳи январи соли равон оғоз меёбад. Таҳиякунандаи филм Фиби Уоллер-Бриҷ мебошад. Ҳамзамон бо Софи Ҷейсон Айзекс ва Сигурни Уивер нақшҳои дуюмдараҷаро иҷро хоҳанд кард.
Достони «Лара Крофт» борҳо дар Ҳолливуд ба навор гирифта шудааст, аммо ин бори аввал аст, ки дар шакли силсиллафилмтаҳия мегардад. Намоиши нахустини лоиҳа дар платформаи «Amazon Prime Video» баргузор мегардад.



7