Расонаҳои иттилоотӣ дар бораи буҷети истеҳсолии лоиҳаи афсонавии «Чебурашка 2» хабар доданд. Тибқи маълумотҳо барои эҷоди филм тақрибан 1, 5 миллиард рубл сарф шудааст. Даромади «Чебурашка 2» дар хазинаҳо аллакай марзи 5 миллиард рублро убур кардааст. Ин филмро беш аз нуҳ миллион нафар тамошо кардаанд.
Қисми аввали филм бо буҷаи 850 миллион рубл офарида шуда буд. Лоиҳа рӯзи 1 январ дар экранҳо намоиш дода шуд. Дар он Сергей Гармаш, Елена Яковлева, Полина Максимова ва дигарон нақш бозидаанд. Коргардон Дмитрий Дяченко буда, боз ҳам ба нақши Чебурашка Олга Кузмина садо додааст.



5