Филми ҳунарии «Мартии бузург» дар ИМА80 миллион доллар даромад овард. Ин ба лоиҳаи мазкур имкон дод, ки сердаромадтарин филм дар таърихи студияи «A24» гардад.
Қаблан рекордро филми ғолиби ҷоизаи Оскар «Ҳама ҷо ва ҳамзамон» бо даромади 77 миллион доллар нигоҳ медошт. Ин лоиҳа то ҳол муваффақтарин филм дар фурӯши ҷаҳонӣ бо даромади 142 миллион доллар мебошад.
Буҷаи филми «Мартии бузург» 60 миллион долларро ташкил медиҳаад. Он дар бораи Марти Мауэр, бозигари маъруфи тенниси рӯимизӣ нақл мекунад. Кори коргардонии филмро Ҷош Сэфди анҷом додааст.
Дар филм нақши марказиро ҳунарпешаи ҷавон Тимоти Шаламе иҷро кардааст. Шаламе барои ин нақш ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» ва ҷоизаи «Мунаққидони синамо»-ро соҳиб гардид.



7