Филми аниматсионии «Шаҳри ҳайвонот 2» расман ба муваффақтарин лоиҳаи аниматсионӣ дар таърихи Ҳолливуд табдил ёфт. Даромади он дар хазинаҳо ба 1,7 миллиард доллар расид. Офаридаи мазкур дар бораи саёҳатҳои рӯбоҳ ва харгӯшак тавонист рекорди филми тасвирии «Муаммо 2»-ро, ки соли 2024 1,69 миллиард доллар ҷамъ карда буд, шикаст диҳад.
Бо вуҷуди ин, муваффақтарин филми аниматсионӣ дар фурӯши ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам филми аниматсионии истеҳсоли чин «Нэчжа шоҳи аждаҳоро мағлуб мекунад» боқӣ мемонад, ки 2,25 миллиард доллар даромад овардааст.



6