Санаи намоиши филми нав аз силсилаи лоиҳаҳои “Одам-анкабут” муайян гардид. Филми мазкур таҳти унвони “Одам-анкабут: Рӯзи комилан нав” 31 июли соли 2026 пешниҳоди бинандагон мегардад.
Филмномаро Крис Маккенна ва Эрик Соммерс дар асоси саргузаштҳои абармард “Одам-анкабут” аз комиксҳои студияи “Марвел”навиштаанд. Интизор меравад, ки он филми 40-ум дар медиасилсилаи кинематографии “Марвел” ва чорумин филм дар силсилаи филмҳо дар бораи “Одам-анкабут” гардад.
Ширкати “Сони” корро болои филми чоруми “Одам-анкабут” ҳанӯз аз моҳи августи соли 2019 ҳамзамон бо филми «Одам-анкабут: Ба хона роҳе нест» оғоз карда буд. Продюсер Эми Паскал моҳи ноябри соли 2021 изҳор дошт, ки ин филм бояд оғози сегонаи нави филмҳо дар бораи “Одам-анкабут” бо иштироки Ҳолланд бошад. Студияҳои “Сони” ва “Марвел” моҳи декабр ба таври фаъол ба таҳияи қисса шуруъ карданд. Маккенна ва Соммерс навиштани сенарияро моҳи феврали соли 2023 оғоз намуданд.
Дестин Дениеэ Креттон моҳи сентябри соли 2024 музокиротро барои иштирок дар филм оғоз кард. Ӯ расман моҳи октябр коргардони лоиҳа таъин шуд. Наворбардорӣ аз моҳҳои июн то октябри соли 2025 дар шаҳри Лондон баргузор гардид.
Нақшҳои марказиро дар филми Том Ҳоланд, Зендея ва Сэди Синк меофаранд.



4