Рӯйхати филмҳои иштирокчӣ дар озмуни асосии 76-умин Синамоҷашнвораи Берлин муайян гардид. Дар ин миён филмҳои «Дар соҳили барҳ» бо иштироки Эми Адамс, «Малика дар баҳр» бо ширкати Жюлет Бинош, «Жозефина» бо ҳунарпеша Ченнинг Татум, лоиҳаи «Садбарг» бо ҳунарнамоии Сандра Хюллер ва дигарон шомил ҳастанд.
Тибқи маълумотҳо фестивали имсола аз 12 то 22 феврал баргузор мешавад. Раиси ҳакамон коргардони маъруф Вим Вендерс хоҳад буд. Маросими ифтитоҳи фестивал бо намоиши драмаи филмофарони Афғонистон “Мардони бад” оғоз меёбад.



19