Масъулин рӯйхати расмии довталабони ҷоизаи «Тамашки заррин»-ро муаррифӣ карданд. Номҳои бадтарин намояндагони синамои Ҳолливуд 14 март, як рӯз қабл аз маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» эълон карда мешаванд.
Аз рӯйи шумораи номинатсияҳо маҳсули ширкати «Дисней» - «Сафедбарфӣ» ва мутобиқсозии достони «Ҷанги ҷаҳон» аз «Prime Video» пешсаф мебошанд. Ин лоиҳаҳо ҳар кадом дар шаш номинатсия номзад шудаанд.
Ҳамасола дар доираи фестивали синамоии «Тамашки заррин» баръакси дигар синамоҷашнвораҳо бадтарин лоиҳаҳои синамоии ҷаҳон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар номинатсияи бадтарин филм имсол филмҳои «Сафедбарфӣ», «Ҷанги ҷаҳон», «Роҳи ситорӣ: Қисми 31», «Фардои охирин» ва «Иёлоти барқӣ», дар номинатсияи «Бадтарин кори коргардонӣ» коргардонҳо Рич Ли, Олатунде Осунсами, бародарон Ҷо ва Энтони Руссо, Марк Уэбб ва Трей Эдвард Шултс номзад шудааст.
Ҳунарпешаҳо Дэйв Батиста, Ҷаред Лето, Скотт Иствуд, Айс Кюб дар номинатсияи бадтарин ҳунарпешаи мард ва Ариана Дебос, Мишел Йео, Милла Йовович, Натали Портман, Ребел Уилсон дар номинатсия бадтарин ҳунарпешаи зан номзад ҳастанд.



7