ар интернет ролики таблиғотии филми нави пуршиддату ҳаяҷоновар бо иштироки иҷрокунадаи нақши асосӣ дар лоиҳаи муваффақи «Гузариши синнусолӣ» дастрас шуд. Дорандаи ҷоизаҳои «Эмми» ва «Глобуси тиллоӣ» Стивен Грэм дар филми мазкур нақши асосиро иҷро мекунад.
Қисса дар атрофи ҷинояткори 19-сола Томми бо нақшофарии Энсон Бун сурат мегирад, ки ӯро аъзоёни як оила — Крис ва Кэтрин рабудаанд. Онҳо мехоҳанд аз ин ҷавон як шаҳрванди намунавӣ созанд, аммо усулҳои одамрабоён торафт мураккабтару бераҳмтар мешаванд.
Коргардони филм синамогари лаҳистонӣ Ян Комаса мебошад. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар Ҷашнвораи синамои Торонто-2025 баргузор гардид. Мунаққидон филмро баҳои баланд доданд. Офаридаи мазкур дар Амрико 6 марти соли равон ба намоиш мебарояд.



8