Барандаи ҷоизаи «Эмми» ва номзад ба «Оскар» Ҷереми Стронг дар силсилафилми «Чорроҳа», ки бар асоси романи ҳамноми нависанда Ҷонатан Франзен таҳия мешавад, нақши асосиро иҷро хоҳад кард.
Достони филм дар бораи оилаи Хилдебрандтҳо нақл мекунад, ки аввали солҳои 1970 дар Чикаго зиндагӣ мекунанд. Сардори хонавода Расс, ҳамсар ва фарзандони ба воя расидааш дар ҷустуҷӯи озодӣ ҳастанд, вале ҳамдигарро аз расидан ба он бозмедоранд.
Силсилафилми мазкур дар платформаи «Нетфликс» намоиш дода мешавад. Коргардонӣ ва мутобиқсозии филмро Эми Хертсог ба уҳда мегирад. Санаи нашри лоиҳа ҳанӯз маълум нест.
Ҷереми Стронг ахиран дар филми тарҷумаҳолии «Маро аз нобудӣ раҳо кун» ҳунарнамоӣ кардааст.



18