Хадамоти намоишии «Prime Video» навори расмии таблиғотии силсилафилми «Шерлоки ҷавон»-ро муаррифӣ кард. Лоиҳаи коргардон Гай Ричи рӯзи 4 март ба намоиш мебарояд.
Нақши асосиро Хиро Файнс Тиффин иҷро мекунад. Раванди ҳодисаҳо соли 1870 дар Оксфорд сурат мегирад. Шерлок тавтеаи бузургеро фош мекунад, ки зиндагии ӯро барои ҳамеша дигаргун месозад.
Дар лоиҳа ҳамчунин Колин Фёрт, Ҷозеф Файнс, Наташа Макэлхоун, Донал Финн, Макс Айронс ва дигарон нақш офаридаанд. Дар мавсими аввал ҳашт қисмат намоиш дода мешавад.



16