Ситораи филми «Балерина» Ана де Армас ва барандаи ҷоизаи «Оскар» Ҷеннифер Коннелли нақшҳои асосиро дар силсилафилми нави «Макони боэътимод» иҷро мекунанд. Лоиҳа аз тарафи студияи «Apple TV» офарида мешавад.
Достони ин филм ба китоби ҳамноми нависанда Дэн Фесперман такя мекунад. Тибқи сюжаи асар дар шаҳри Мадрид як афсари баландпоя кушта мешавад. Барои фаҳмидани сабабҳои ҳодиса ҷосус София Хименес, ки худ дар содир шудани ҷиноят гумонбар аст ва ҳамчунин Элизабет Уинтроп бо нақшофарии Ҷеннифер Коннелли ба таҳқиқ оғоз мекунанд.
Таҳиякунандаи лоиҳа Гидеон Рафф хоҳад буд. Барои Ана де Армас ин силсилафилм аввалин таҷрибаи нақшофарӣ дар телевизион хоҳад буд.



6