Ширкатҳои филмофарӣ аз нашри дубораи драмаи фалсафии «Ҷазира», ки борои аввал соли 2006 пешниҳоди бинандагон гардида буд, хабар доданд. Филми коргардон Павел Лунгин рӯзи 19 март дубора ба экранҳо бармегардад.
Сюжаи филм дар бораи пирамард Анатолий бо нақшофарии Пётр Мамонов қисса мекунад, ки мардум ӯро барои зиндагии пок ва қобилияти шифо додани одамон эҳтиром мекунанд. Аммо худи Анатолий гуноҳи вазнини куштореро пинҳон медорад, ки онро дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ содир карда буд.
Дар ин лоиҳа ҳамчунин Виктор Сухоруков, Дмитрий Дюжев ва Виктория Исакова нақш офаридаанд.



9