Филми драмавии “Хоби қатораҳо” дар 41-умин маросими ҷоизасупории “Руҳи мустақил” аз рӯи се номинатсия ғолиб дониста шуд. Офаридаи мазкур ҷоизаи “Беҳтарин филм”, коргардони он Клинт Бентли ҷоизаи “Беҳтарин кори коргардонӣ” ва наворбардор Адолфо Велозу дар номинатсияи “Беҳтарин кори наворбардорӣ” ғолибият ба даст овард.
Филм бар асоси повести нависанда Деннис Ҷонсон таҳия шуда, дар бораи нафаре бо номи Роберт бо нақшофарии Ҷоэл Эдгертон қисса мекунад, ки дар пасманзари тағйироти босуръати асри XX мушкилоти шахсиро аз сар мегузаронад.
Маросими 41-уми супоридани ҷоизаи “Руҳи мустақил” дар соҳаи синамои мустақил дар штати Калифорнияи ИМА баргузор шуд.
Дар бахши лоиҳаҳои телевизионӣ силсилафилми муваффақи «Гузариши синусолӣ» бо гирифтани чор ҷоиза пешсаф гардид.



17