Филмофарони Ҳоливуд ба наворбардории филми нави «Ниқоби марги сурх» оғоз карданд.Нақши асосиро дар ин филм барандаи ҷоизаи Оскар Майки Мэдисон иҷро мекунад.
Филм бар асоси ҳикояи ҳамноми нависандаи амрикоӣ Эдгар Аллан По, ки соли 1842 нашр шудааст, таҳия мегардад. Дар асари аслӣ қисса перомуни шоҳзода Просперо қисса мекунад, ки ҳангоми паҳншавии вабо худро дар қаср маҳкам мекунад, то аз бемории марговар паноҳ ёбад.
Тибқи маълумотҳо Мэдисон дар филм нақши ду хоҳари дугоникро иҷро мекунад.
Коргардони филм Чарли Полинджер мебошад. Ҳамчунин дар филм ҳунармандон Леа Сейду ва Бенедикт Вонг иштирок доранд.
Нахустнамоиши филм эҳтимолан соли 2027 баргузор мегардад.



5